худдор — [خوددار] он ки аз корҳои нораво худро боз медорад, хештандор, парҳезгор, батоқат, бошикеб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ибо — I [ابا] а 1. кит. худдорӣ, имтиноъ, боздоштани худ аз коре (аз тарсу ваҳм ё андешаву мулоҳизае), тааммул 2. шарм, изо; ибо кардан а) худдорӣ кардан, аз иҷрои коре худро боздоштан; б) шарм доштан II [ابا] ниг. або … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
истинкоф — [استنکاف] а. кит 1. нангу ор доштан, ибо кардан 2. худдорӣ кардан; сарпечӣ кардан, имтиноъ кардан; рад кардан; рад, худдорӣ, имтиноъ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
истиҳола — [استحاله] а 1. кит. муҳол будан, номумкин будан, имконнопазирӣ 2. худдорӣ, ибо; истиҳола кардан худдорӣ кардан, ибо намудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
парҳез — [پرهيز] 1. худдорӣ аз чизе (аз хӯрдани хӯроке, ё амале), иҷтиноб, ҳазар, канорагирӣ; парҳез кардан худдорӣ кардан аз чизе, нахӯрдани хӯрокие ба сабаби беморӣ; парҳез шикастан ба парҳез эътибор надода чизи носозеро хӯрдан 2. маҷ. порсоӣ, тақво … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баҳонатарошӣ — [بهان ه تراشي] узр ва далели беҷо овардан бо қасди эрод гирифтан ё худдорӣ аз анҷоми коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бачакуш — [بچ ه کش] 1. он ки аз камоли бераҳмию сангдилӣ ҳатто аз куштани кӯдаку бачаҳо худдорӣ намекунад, кушандаи бачаҳо 2. ҳайвоне, ки насли худро мекушад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беибо — [بي ابا] аз ҳеҷ чиз худдорӣ накарда, имтиноъ наварзида; беистиҳола, беҳаё … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бетараф — [بي طرف] 1. он ки тарафкашӣ ва ҷонибдорӣ намекунад, холис 2. кишвар ё давлате, ки ба гурӯҳбандиҳои сиёсии давлатҳо дохил нест; ғайри мутааҳҳид: давлатҳои бетараф, кишварҳои бетараф 3. касе, ки вақти овоздиҳӣ (раъйдиҳӣ) аз овоз додан ба яке аз… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бетаҳошӣ — [بي تحاشي] кит. худдорӣ накарда, имтиноъ наварзида, парҳез накарда, бепарво, бемулоҳиза … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ